Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Нашр шуд: 07 Майи 2026
Диданд: 78

Душанбе, 7-уми майи соли 2026

7-уми майи соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мониторинги рафти баргузории арзёбии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (Progress in International Reading Literacy Study – PIRLS) дар соли 2026 ва баррасии нақшаҳои оянда дар доираи ин таҳқиқот вохӯрии роҳбарияти Марказ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳимму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим иштироки Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 мебошад.
Дар оғози вохӯрӣ дар бораи корҳои анҷомдода, давоми панҷ моҳи охир маълумот пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша ин таҳқиқот давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар 171 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи асосии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 6945 хонандаи сифҳои 4-уми муассисаҳои таълимии кишвар гузаронида шуд. Коркард ва таҳлили додаҳо дар давоми моҳҳои май ва июни соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки натиҷаҳои арзёбии PIRLS 2026 барои муайян намудани вазъи воқеии сатҳи саводнокии хонандагон, такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи сиёсати минбаъдаи соҳа заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ҳамзамон, ин раванд имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар муқоиса бо кишварҳои дигар муайян намуда, таҷрибаи пешқадамро дар низоми миллии маориф ҷорӣ намояд.

Фаъолияти Маркази миллии арзёбии PIRLS аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хуб арзёбӣ гардида, барои беҳтар намудани сифати кор дар ин самт ба масъулини соҳа тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон