Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 07 Апрели 2026
Диданд: 600

Душанбе, 7-уми апрели соли 2026

7-уми апрели соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарият ва кормандони Марказ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯри муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Одил Толиб, нозири ҳамин раёсат Ҳусейнзода Файзиддин, кормандони дафтари асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини якуми директори Марказ Шодиниё А. Ш. дар робита ба амалҳои коррупсионӣ, ҳамчун кирдори номатлуб суханронӣ карда, таъкид намуд, ки имрӯзҳо коррупсия мавзуи доғи рӯз гардидааст ва ин падида ба барҳам задани бовари ҷомеа ва аҳолӣ ба ниҳодҳои давлатӣ, ва халалдор шудани низоми қонунӣ дар давлатҳо сабаб мешавад.

Барои пешгирӣ ва коҳиш додани сабабу шароитҳое, ки ба кирдорҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад, роҳбарият ва кормандони Марказ вобаста ба ин масъала дар рафти корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ миёни хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар маърузаҳо ва таъкидҳои махсус менамоянд.

Мубориза бо коррупсия кори як ниҳод набуда, барои пешгирӣ аз ин падидаи хатарноку нангин бояд мо дар якҷоягӣ фаъолият намуда, баҳри коҳиш додани он саҳмгузор бошем, – қайд кард Шодиниё А. Ш.

Сипас нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аабдуллозода О. Т. оид ба татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари танзимкунандаи соҳа суханронӣ карда, қайд намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) анҷом дод.

Мониторинг дар заминаи санҷишу таҳлилҳои Агентӣ, маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти марказӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти дигари давлатӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни арзёбӣ ҷузъиётҳо оид ба андозаи коҳиш ёфтани шиддати коррупсия, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои афзалиятнок мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷом муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит барои ҳамкориҳои судманду саривақтӣ ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон