Душанбе, 28-уми апрели соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 мерасонад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои зерин то 30‑юми апрел дароз карда шуд.
Аз ин лизоҳ, ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2026 тавсия дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода ва дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2026, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.
Шахсоне, ки аз ихтисосҳои интихобкардаашон норозиянд ва хоҳиши иваз кардани ихтисосҳои қаблиашонро доранд метавонанд то 30-юми апрели соли 2026 дар нуқтаҳои бақайдгирии пештар аз қайд гузаштаашон ҳозир шуда, ихтисосҳои худро иваз кунанд. Шахсоне, ки дар давраи фаъолияти нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Варзоб ва шаҳри Роғун ба қайд гирифта буданд, барои азнавбақайдгирӣ бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бинои асосии Марказ ҳозир шаванд. Шахсоне, ки дар дигар нуқтаҳои сайёрӣ бақайдгирӣ аз қайд гузаштанд ва хоҳиши ивази ихтисосҳояшонро доранд, бояд ба бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, муроҷиат кунанд.
Нишонии бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ
1. Шаҳри Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
2. Шаҳри Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);
- телефон: 926-44-11-48, 927-55-61-19.
3. Шаҳри Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);
- телефон: 871-25-09-09.
4. Шаҳри Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);
- телефон: 888-88-03-08.
5. Шаҳри Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);
- телефон: 918-57-90-77.
6. Ноҳияи Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: кӯчаи Марказӣ, 32 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара);
- телефон: 939-32-55-65, 106-88-86-88, 553-55-95-52.
7. Ноҳияи Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.





