Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Нашр шуд: 29 Марти 2026
Диданд: 629

Душанбе, 29-уми марти соли 2026

29-уми марти соли 2026 кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ – ин ҷашни аҷдодиро дар саҳни бинои асосии Марказ таҷлил карданд.

Саҳну бинои Марказ идона ороста шуда, суфраи идона бо хӯрокҳои миллӣ,  ҳафтсину ҳафтшин ва бозиҳои Наврӯзӣ – ҳамчун эҳёи суннатҳои Наврӯзӣ – ба намоиш гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки ташкили бозиҳои Наврӯзӣ, оростани дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ва омода кардани хӯрокҳои миллӣ кӯшише барои арҷгузорӣ ба суннатҳои наврӯзии ниёгон ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ аст.

Дар оғоз директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кормандонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфта, қайд кард, ки бо заҳмату талошҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид баёнгари он аст, ки миллати тоҷик аз замони бостон то имрӯз бо хулуси ният ва ормони олӣ падидоварандаи ҷашне буд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат, хираду заковат, ростию адолат ва кӯшоиву меҳнат аст.

Наврӯз танҳо як ҷашн нест – он рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, поксозии руҳу ҷисм ва навсозии андешаҳо, оғози умед ва эҳёи арзишҳои инсонист. Ин ид аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма гирифта, то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии мо боқӣ мондааст. Наврӯз замоне фаро мерасад, ки табиат аз хоби гарон бедор мешавад. Замин либоси сабз ба бар мекунад, осмон соф мегардад ва инсон низ мехоҳад дигар шавад, беҳтар шавад.

Миллате, ки Наврӯз дорад, миллатест, ки реша дорад, тамаддун дорад ва оянда дорад. Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти Наврӯз – ин танҳо эҳтиром ба гузашта нест, балки масъулият дар назди оянда низ ҳаст.

Ин ҷашн моро водор месозад, ки кори худро бо нерӯи тоза идома диҳем, муносибатҳои кориро боз ҳам устувортар гардонем ва ба дастовардҳои нав ноил гардем, –қайд кард Ҷаъфарзода С. Ф..

Дар идома барои болидаруҳии кормандони Марказ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунари кишвар пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Дар анҷом роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба сайри дастаҷамъона баромаданд.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон