Душанбе, 17-уми марти соли 2026
17-уми марти соли 2026 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои тренерони марҳалаи асосии арзёбии Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (Progress in International Reading Literacy Study – PIRLS) оғоз гардид.
Дар семинар директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, муовини директори Марказ Олимҷонзода Уктам, кормандони Марказ ва кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо арзёбӣ гузаронида мешавад, иштирок намуданд.
Дар оғоз директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи аҳаммияти ин озмоиш суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мактабу маориф, ки сатҳи рушди кишвар, рақобатпазирӣ ва нуфузу эътибори байналмилалии кишвар аз ин ду вобастагӣ доранд, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар кишвари мо буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин нуктаро аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо шунидаем. Далели ин гуфта иқдомҳои пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳамин самтҳо аст, ки амалисозии онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди ин соҳа ва расидан ба дастовардҳои назаррас мусоидат мекунад.
Барномаю пажӯҳишҳои муқоисавии байналмилалӣ афзоре ҳастанд, ки самарабахшии низоми таҳсилотро дар кишварҳои гуногун муайян ва барои қабули қарорҳои асосёфта ва ислоҳот дар асоси натиҷаҳои бадастомада мусоидат мекунад.
Бо мақсади арзёбии сифати хониш ва салоҳиятҳои истифодаи амалии дарки масъалаҳо дар қолаби матни хониш иштироки хонандагони синфи 4-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 дар асоси дархости Ассосиатсияи байналмилалии арзёбии дарстовардҳои таҳсилот ва шартномаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод дар назди Маркази миллии тестӣ Маркази арзёбии байналмилалии PIRLS таъсис дода шудааст.
Дар ин замина Маркази милии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани байналмилалии арзёбии пешрафти таҳсилот ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан PIRLS таъмин намуда истодааст, – қайд кард Ҷаъфарзода С. Ф.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ низ суханронӣ намуда, қайд кард, ки PIRLS як ташаббуси муҳимми Ассосиатсияи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таҳсилӣ (IEA) мебошад, ки ҳар 5 сол дар кишварҳои гуногун гузаронида мешавад ва имкон медиҳад, ки сатҳи саводи хондани кӯдакон дар синфҳои ибтидоӣ, махсусан дар синфи 4-ум, бо истифода аз равишҳои илмӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардад. Ин арзёбӣ на танҳо фаҳмишу дарки хонандагонро аз матн, балки қобилияти таҳлил, хулосабарории онҳо ва истифода аз маълумотро низ месанҷад.
Бояд қайд кард, ки арзёбии мазкур дар 171 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо иштироки 6975 нафар хонандаи синфи 4-ум давоми моҳҳои апрел ва мой тавассути технологияи муосири копютерӣ гузаронида хоҳад шуд. Ин арзёбӣ дар байни хонандагони синфи 4‑уми зиёда аз 60 кишвари дунё бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ба таври бархату берунхат (онлайн ва офлайн) баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин таҳқиқот бори аввал доир мегардад, ба таври берунхат (офлайн) гузаронида мешавад.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии PIRLS як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилоти ибтидоӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон дар соли 2026 ба таври комил дар арзёбии байналмилалии PIRLS иштирок менамояд ва ин имкон фароҳам меорад, ки маълумоти боэътимод ва муқоисавӣ дар бораи сатҳи саводи хондани хонандагони синфи 4-ум дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрас гардад.













