Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

МИЗИ МУДАВВАР: ОМОДАГИҲО БА АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS 2026

Нашр шуд: 30 Марти 2026
Диданд: 956

Душанбе, 30-юми марти соли 2026

30-юми марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони Маркази миллии тестӣ, инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба баргузории Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (PIRLS) 2026 мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғоз директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар бораи мақсадҳои арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2014 (соли аввали ҷорӣ гардидани ИМД) ба ин масъала таъкид карда, баён дошта буданд, ки вазифаи Маркази миллии тестӣ танҳо амалӣ гардонидани низоми ягонаи қабули имтиҳонҳо ба мактабҳои олӣ нест. Ин сохтори навтаъсис вазифадор аст, ки баъди анҷоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиш ва мониторинги сифати таълими фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, мактабҳои алоҳида ва умуман, дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳлилҳо гузаронад ва хулосаҳои худро барои беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд. Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ба ҷорӣ намудани низоми самаранок ва механизмҳои институтсионалии арзёбии сифати таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият афзалият дода мешавад. Дар ин самт, аз ҷумла масъалаи иштирок дар арзёбиҳои таҳсилотии байналмилалии таҳсилоти умумӣ (PISA, TIMSS, PIRLS ва ғайра) баррасӣ карда мешавад.

Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии арзёбии пешрафти таҳсилот ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан (PIRLS) таъмин намуда истодааст. Аз ҷумла, дар назди ин ниҳод Маркази миллии арзёбии PIRLS 2026, ки мақоми гурӯҳи кориро дорад, таъсис дода шудааст. Тавассути таҳқиқоти байналмилалии PIRLS сатҳ ва сифати хондан, дарку фаҳмидани матн дар хонандагони зинаи таҳсилоти ибтидоии кишварҳои гуногун муқоиса ва тафовутҳо дар ин бахши низомҳои миллии таҳсилот муайян карда мешаванд. PIRLS, ҳамчунин, омилҳои гуногунеро, ки ба саводи хондан дар хонандагон алоқаманд аст ва ё таъсир расонида метавонанд, меомӯзад. Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии PIRLS-ро бо иштироки зиёда аз 1181 хонандаи синфи 4-уми 42 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо равиши намунагирии тасодуфӣ интихоб карда шуда буданд, баргузор кард. Дар натиҷаи озмоиши гузаронидашуда тамоми равандҳои ташкилу баргузории арзёбии PIRLS санҷида шуд, ки таҷрибаи бадастомада барои ба роҳ мондани марҳалаи асосии арзёбии PIRLS заминаи назаррасро гузошт.

Баргузор намудани таҳқиқоти асосии PIRLS, яъне идораи тест дар муассисаҳои таълимии интихобшудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми моҳҳои апрел ва майи соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, ки дар он нақши ҳар яки шумо аҳаммияти калидӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи Шумо – иштирокдорони гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар рафти омӯзиши кормандони муваққатӣ ва идораи тест бодиққат ва пурмасъул бошед, –қайд кард Ҷаъфарзода С. Ф..

Дар ин ҳамоиш қайд шуд, ки натиҷаҳои PIRLS метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва рушди муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории марҳилаи асосии арзёбии мазкур раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, ҳамоҳангии дақиқи ҳамаи сохторҳои марбутро талаб менамояд.

Дар фарҷом иштирокдорони ҷаласа дар бораи масъалаҳои ташкилӣ, методӣ ва техникии баргузории PIRLS 2026 табодули афкор намуда, барои беҳтар намудани раванди омодагӣ ва баргузории ин арзёбӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин арзёбиҳои байналмилалӣ омили муҳим дар таҳкими низоми миллии маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳамгироии кишвар ба фазои маорифи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон