Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ: ҲАДАФ, МУШКИЛОТ, ДУРНАМО»

Нашр шуд: 24 Майи 2019
Диданд: 1719

Душанбе, 24-уми майи соли 2019

mizi-mudavРӯзи 23-юми майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Арзёбии сифати таҳсилот: ҳадаф, мушкилот, дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар, ки ташкилкунандаи он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, намояндагони Маҷлиси намояндагон, Вазорати маориф ва илм, ректорон ва ноибони ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки дар ин ҷаласа ноиби ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург Горбашко Елена Анатолевна низ ширкат карда, дар мавзӯи зикршуда маърӯза кард.

Мавзӯи матраҳгардида аз тарафи маърӯзакунандагон ва иштирокдорони ин чорабинӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маорифи ҳар як кишвар дар замони муосир арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки сифати таҳсилот – нишондиҳандаи асосии низоми маориф сатҳи натиҷаҳои воқеии таҳсилот ва таъминоти раванди онро инъикос менамояд.

Баромадкунандагон асосан ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ диққати махсус доданд.

Дар ин чорабинӣ муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров С. Ф. дар мавзӯи “Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва сифати интихоби довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ” баромад карда, дар бораи омилҳои асосии таъминкунандаи интихоби босифати довталабони арзанда барои муассисаҳои таълимии мазкур маълумот дод. Номбурда дар баромади худ, ки бар рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) дар асоси додаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 тамаркуз ёфта буд, вобастагии сифати интихоби довталабонро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз якчанд нишондиҳанда шарҳу тавзеҳ дод. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар асоси натиҷагирӣ аз рейтинги ҳамгиро нишон дода шуд, ки дар соли 2018 довталабони аз ҷиҳати донишу омодагӣ пешгом бештар ба кадоме аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тақсимот шудаанд.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон