Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАРОСИМИ МУКОФОТСУПОРӢ БА ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОНИ ИМД ДАР СОЛИ 2025

Нашр шуд: 02 Декабри 2025
Диданд: 487

Душанбе, 2-юми декабри соли 2025

2-юми декабри соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 ба таври идона бо иштироки намояндагони Ҳукумати кишвар, роҳбарони аввали ниҳодҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва донишҷӯёну толибилмон баргузор гардид.

Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот аст, кӯшиш мекунад. Марказ дар ҳамин робита барои дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо, аз ҷумла ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд, муайян ва қадр менамояд.

Марказ тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, № 427 тасдиқ гардидааст, довталабонеро, ки аз рӯйи дастовардҳо – соҳиб шуданашон ба шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд, низ интихоб ва қадрдонӣ мекунад.

Марказ маросими қадргузории даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД  шуруъ аз соли 2018 баргузор менамояд ва  имсол дар асоси фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони беҳтаринро дар бахшҳои даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД 2025, довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар доираи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешаи омӯзгорӣ”, довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Забон ва адабиёти тоҷик”, довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Технологияи рақамӣ” ва довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешоҳангдухтарони илмҳои дақиқ” муайян ва дар фазои мутантан қадрдонӣ намуд.

Дар анҷом бо барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои дилнишин хотири меҳмонону иштирокдорони маросими мукофотсупорӣ шод карда шуд.

 

Рӯйхати беҳтарин довталабони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

 

Даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД 2025

1

Мадуллоев Абубакр Толибҷонович

хатмкардаи гимназияи № 1, ноҳияи  Сино; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисоси 140010108 – “Муҳандисии барномавӣ”

2

Раҳимов Дилшодҷон Бобоҷонович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, ноҳияи Б. Ғафуров; донишҷӯи курси 1-уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси 1400101 – “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”

3

Деҳқонова Зебунисо Ҷаҳонгировна

хатмкардаи литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат, ноҳияи Сино; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1260201 – “Бизнес-маъмуриятчигӣ”

4

Назарова Шукрона Раҳматуллоевна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37, ноҳияи Сино; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1250103 – “Иқтисоди ҷаҳонӣ”

5

Газиева Мадина Баҳодуровна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси  123010203 – “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-англисӣ)” 

6

Файззода Омина Алишер

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ихтисоси 450302 – “Лингвистика”

7

Мирзомаҳмадиев Аҳлиддин Абдуаҳадович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102  – “Ҳуқуқшиносӣ”

8

Абдуева Мавҷуда Абдусаломовна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102  – “Ҳуқуқшиносӣ”

9

Раҳимзода Аҳмад Шодиали

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

10

Ҳамидиён Ҳалимҷони Комронӣ

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36, ноҳияи Шоҳмансур; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

Довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар доираи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

11

Бобоҷонов Наврӯзбек Хуршидович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47, ноҳияи Деваштич; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

12

Каримов Абдураҳмон Хайруллоевич

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

13

 

Сафаров Рузибой Наимҷонович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75, ноҳияи Ёвон; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

14

Салимова Шоҳина Баҳромҷоновна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56, ноҳияи Сино;  донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790102 – “Педиатрия”

15

Шарипов Тоҳирҷон Турахонович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56, ноҳияи Сино; донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790108 – “Стоматология”

16

Назаров Меҳрубон Марезбонович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1, ноҳияи Рӯдакӣ; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790108 – “Стоматология”

17

Абдураҳимов Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадрабиевич

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72, ноҳияи Фирдавсӣ; донишҷӯи курси 1-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790108 – “Стоматология”

18

Шарипова Самира Синоевна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32, ноҳияи Сино; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

19

Шохуҷаев Комрон Давлатмандович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56, ноҳияи Сино; донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790108 – “Стоматология”

20

Мустафакулов Авазбек Илхомович

хатмкардаи литсей-интернат, шаҳри Турсунзода; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

21

 

Қодирқулов Нуриддин Насриддинович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45, ноҳияи Ёвон; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”

Довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешаи омӯзгорӣ”

22

Ҷумаева Шаҳло Ҷунайдуллоевна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, шаҳри Ҳисор; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ихтисоси 1020306 – “Забони англисӣ”

Довталаби беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Забон ва адабиёти тоҷик”

23

Ҳаитова Манзура Шӯҳратовна

хатмкардаи гимназияи № 3, шаҳри Истаравшан; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, ихтисоси 121050106 – “Забони хориҷӣ”

Довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Технологияи рақамӣ”

24

Ализода Усмони Барзу

хатмкардаи литсейи хусусии "Эҳсон", ноҳияи Сино;  донишҷӯи курси 1-уми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ихтисоси 10302 – “Математикаи амалӣ ва информатика”

25

Кабилов Чори Исакович

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24, ноҳияи Фирдавсӣ;  донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1310304 – “Информатика”

Довталабони беҳтарини ИМД 2025 дар бахши “Пешоҳангдухтарони илмҳои дақиқ”

26

Абдуллоева Азиза Фаруховна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ;  донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, ихтисоси 1310304 – “Информатика”

27

Худоёрова Сайёра Муродовна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29, ноҳияи Шоҳмансур; донишҷӯи курси 1-уми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ихтисоси 10302 – “Математикаи амалӣ ва информатика”

28

Раҳматова Меҳрангез Назирҷоновна

хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14, ноҳияи Деваштич; донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 131030102 – “Математика (фаъолияти илмию педагогӣ)”

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон