Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМА ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд: 05 Ноябри 2025
Диданд: 887

Душанбе, 5-уми ноябри соли 2025

5-уми ноябри соли 2025 дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибтиқлол ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар он директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул, мудири бахши омори Кумита Ҳусейнов Сомон ва кормандони Марказ иштирок намуданд.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони табрикотии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд. Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки Конститутсия барои мо, тоҷикистониён, на танҳо маҷмуаи қоидаҳои ҳуқуқӣ, қонуни асосии давлат, балки ҳуҷҷати тақдирсозест, ки самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян намуда, кафолати пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ифодагари иродаи қавии миллат дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Он ҳуқуқи шаҳрвандонро, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, кор, тандурустӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсиро муҳофизат мекунад, озодии сухан, баробарӣ ва амнияти миллиро таъмин месозад. Конститутсия – ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз шиносномаи миллат ва муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии мо ба ҳисоб меравад. Конститутсия баёнгари ормонҳои деринаи халқи тоҷик барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба Конститутсияи кишвар, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро пайдо намуд. Конститутсия ба мо ҳуқуқ ва озодиҳо медиҳад ва дар айни замон, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ низ мегузорад. Ҳар яки мо бояд Конститутсияро эҳтиром намуда, дар ҳифзи арзишҳои он саҳмгузор бошем.

Маркази миллии тестӣ низ, ки зери назорати Президенти кишвар фаъолият мекунад, ҳамчун як ниҳоди муҳимми соҳаи маориф дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, бахусус дар самти таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ва дастрасии одилона ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, нақши арзанда дорад. Марказ Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунандаи кишварро дар фаъолияташ роҳнамои худ сохта, дар таъмини адолати иҷтимоӣ вобаста ба таҳсилот саҳмгузор мебошад. Мо ба воситаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои дигари фаъолиятамон барои арзёбии дониши наврасону ҷавонон ва рушди сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат мекунем. Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия мо кӯшиш мекунем, ки принсипҳои шаффофият ва адолатро дар ҳамаи ҷанбаҳои корамон таъмин намоем, – қайд кард директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф.

Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул суханронӣ карда, ба ҳозирин дар иҷрои босамари супоришҳои роҳбарияти олии кишвар барору муваффақият ва саломативу рӯзгори обод таманно намуд.

Дар идомаи ҷаласа мутахассиси фанни таърихи раёсати таҳияи маводди имтиҳонии Марказ Аминзода Шамсулло ва мутахассиси фанни ҳуқуқи раёсати мазкур Салоҳидинова Симо дар бораи аҳаммияти таърихиву ҳуқуқии ин санади тақдирсоз суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Конститутсия, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян ва низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар карда, механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод. Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо асоси сиёсати давлат эътироф гардидааст ва Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушода ва омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон кард.

Дар анҷоми ҷаласа 2 нафар аз ҷумлаи ҳайати асосии кормандони Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон