Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ДАВРИ СЕЮМИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМД БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОҒОЗ ШУД

Нашр шуд: 01 Феврали 2023
Диданд: 3714

Душанбе, 1-уми феврали соли 2023

Имрӯз, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври сеюми курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 9-ум ва 11-ум) ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид.

Хотиррасон мекунем, ки ҳадаф аз баргузории курси мазкур шинос намудани хатмкунандагон бо низоми имтиҳонҳои мазкур, аз ҷумла тартиби интихоби дурусту мувофиқи касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, талаботу қоидаҳои муқарраргардидаи имтиҳонсупорӣ ва ғайра мебошад. Курси мазкур бояд дар 3754 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки қариб 150 000 нафар хатмкунанда баргузор мегардад.

Инчунин, бо мақсади расонидани маълумоти зарурӣ ба хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми ИМД дар бораи имтиҳонҳои мазкур бо фармоиши директори Марказ гурӯҳи кории иборат аз 28 нафар корманди он таъсис дода шудааст. Вохӯриҳоро аъзои гурӯҳи корӣ аз 1-ум то 9-уми феврали соли ҷорӣ дар 173 муассисаи таълимии 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор мекунанд.

Тибқи нақша дар рафти корҳои иттилоърасонию таблиғот аъзои гурӯҳи корӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ вохӯрда, ба онҳо маводди чопии Марказро дастрас менамоянд. Лозим ба зикр аст, маводде, ки ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супорида мешавад, беш аз 600 бастаи иборат аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, 10 номгӯйи маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва 5 номгӯйи маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тести қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар бар мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки маводди мазкур ба таври ройгон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақсимот карда шудааст. Дар фарқ аз солҳои пеш, барои тақсимоти маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест теъдоди хатмкунандагон ба назар гирифта шудааст. Солҳои пеш барои тақсимоти маводди мазкур танҳо теъдоди синфҳои хатмкунанда ба назар гирифта мешуд.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон