Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11-УМ

Нашр шуд: 09 Апрели 2026
Диданд: 905

Душанбе, 9-уми апрели соли 2026

9-уми апрели соли 2026 дар муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” (шаҳри Душанбе) даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннии равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи олимпиадаҳои муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нурулло Ғафориён, хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, волидон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам иштирокдорони даври чоруми олимпиадаҳои фанниро барои то ба ин давр расиданашон таҳният гуфта, зикр кард, ки кӯдакони болаёқат ҳамчун «захираи тилоӣ» бо иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ дар рушду нумуи илм ва маорифи кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Дар идома муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ дар бораи тартиб ва шартҳои баргузории олимпиадаҳо суханронӣ намуда, қайд кард, ки олимпиадаҳои фаннӣ на танҳо як мусобиқа, балки як мактаби воқеии кашфи истеъдодҳо, рушди тафаккури мантиқӣ ва тарбияи насли ояндасоз мебошанд. Маҳз дар ин майдонҳо олимони ояндаи мо, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун камол меёбанд. Дар ҷаҳони муосир, ки рақобати зеҳнӣ ва технологӣ рӯз аз рӯз шидат мегирад, нақши чунин чорабиниҳо боз ҳам муҳимтар мегардад.

Маркази миллии тестӣ, ҳамчун ниҳоди масъул дар самти арзёбии дониш ва низоми имтиҳонгирӣ, дар ташкил ва такмили олимпиадаҳои фаннӣ низ таваҷҷуҳи махсус ва пайваста медиҳад, зеро маҳз тавассути чунин озмунҳо метавон лаёқатмандону соҳибзавқонро муайян кард ва барои рушди минбаъдаи онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмон додану баргузории чунин озмунҳо барои муайян рушду такомули зеҳнии аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи зиёде зоҳир менамояд, зеро парвариши насли донову заковатманд яке аз авлавиятҳои стратегии мамлакат аст, – қайд кард Шодиниё А. Ш.

Имсол тибқи нақша дар олимпиадаҳои номбурда 1343 нафар хонанда аз фанҳои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд. Олимпиадаҳои фаннии равияи табиӣ-риёзӣ ва технологияи иттилоотӣ, инчунин аз фанни таърих 10-уми апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 12-уми апрели соли равон эълон мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки олимпиадаҳои мазкурро ҳар сол Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ба роҳ мемонад.

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон