Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИИ ХОЛӢ

Нашр шуд: 01 Феврали 2022
Диданд: 2484

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эълон дар бораи ҷои кории холӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мутахассиси бахши кор бо кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳифзи меҳнат озмун эълон менамояд.

 

 Талаботи тахассусӣ

Мутахассиси бахши кор бо кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳифзи меҳнат барои анҷоми корҳои марбут бо кадрҳо вазифадор буда, бояд ба талаботи тахассусии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • таҳсилоти олии касбӣ (дар соҳаи ҳуқуқ афзалият дорад, инчунин, омӯзиш дар курсҳои махсус  бо пешниҳоди сертификат бартарӣ дониста мешавад);
  • собиқаи кории умумӣ на камтар аз 2 сол (таҷрибаи корӣ марбут ба кадрҳо ва коргузорӣ дар вазорату кумитаҳо афзалият дорад);
  • малакаи шифоҳӣ ва хаттии муоширати сатҳи баланд ва гуфтушунид бо гурӯҳҳои мухталифи касбӣ, техникӣ ва умумӣ дар масъалаҳои гуногун;
  • қобилияти кор кардан бо риояи пурраи талаботи бехатарии иттилоот ва махфӣ нигоҳ доштани маълумот;
  • қобилияти ба таври фаврӣ амал кардан ҳангоми гузоштани масъалаҳои таъхирнопазир;
  • малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
  • малакаи хуби идоракунии раванди коргузорӣ, дониш ва таҷрибаи хуб дар мукотибаи корӣ;
  • малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода карда тавонистани барномаҳои корбурдии Ms Word, Ms Excel, Ms PowerPoint, Ms Outlook ва аз имкониятҳои интернет истифода карда тавонистан (малакаи худкорсозӣ (автоматизатсия)-и корҳои марбут ба кадрҳо ва коргузорӣ афзалият дорад);
  • малакаи кофӣ барои коркард ва таҳияи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои кори иҷрошаванда (ба забонҳои русӣ ва хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад);
  • малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва резюмеи худро ба забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд. Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 14-уми феврали соли 2022.

 

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Тел.: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон