Сомонаи Марказ сарчашмаи асосӣ ва воситаи осони дастрас кардани маълумоти зарурӣ дар бораи ИМД барои довталаб ва алоқамандони дигари ин имтиҳонҳо аст.
Сомонаи Марказ (нигаред ба расми 5.1) дар шабакаи Интернет бо суроғаи www.ntc.tj дастрас аст. Дар он оид ба ҳамаи масъалаҳои алоқаманд ба ИМД ва Марказ маълумоти даркорӣ ҷойгир карда мешавад. Донистани онҳо барои довталабон ва алоқамандони ИМД муҳим аст.
Расми 5.1. Саҳифаи асосии сомонаи Марказ
Майдони асосии сомона барои эълону хабарҳо ва дигар матлабҳои тоза дар бораи ИМД пешбинӣ шудааст. Бахши “ИМД” дар сатри меню (феҳрист)-и сомона маълумот ва маводди ба низоми ИМД (дар соли ҷорӣ) дахлдорро дар бар мегирад. Эълонҳои тозаю муҳимро дар бахши “Эълонҳо” низ хондан мумкин аст.
Дар бахши “Ба довталаб” мавод ва маълумоти зарурӣ барои омодашавии довталаб ба ИМД ҷой дода шудааст. Аз ин бахш довталаб гунаҳои электронии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест (намунаи тестҳо), тартибу тавсияҳои методӣ, барномаҳои имтиҳон аз фанҳои имтиҳон ва ғайраро дастрас карда метавонад. Рӯйхати муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ (феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо) дар соли баргузории ИМД ва ғайраҳоро довталаб метавонад аз ин бахш пайдо намояд. Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар ин бахши сомона ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст, шумораи холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад.
Довталаб метавонад бо истифода аз бахши “Саволу ҷавоб” дар бораи низоми ИМД савол диҳад. Ба саволҳои пешниҳодшуда мутахассисони Марказ ҷавобҳои дақиқ ва мушаххас медиҳанд. Ба довталаб тавсия дода мешавад, ки қабл аз пурсише оид ба ИМД бо саволу ҷавобҳои пештар нашргардида шинос шавад, то ки суолҳои мавҷударо такрор накунад.
Дар бахши “Муроҷиат” бо риояи талаботи муқарраршуда метавон ба Марказ муроҷиат кард.
Сомона, инчунин, бахшҳои “Маълумоти оморӣ”, “Дар бораи мо” ва ғайраро дарбар мегирад.





