Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ХИЗМАТРАСОНИИ "ХУДРО БИСАНҶ"

Нашр шуд: 16 Январи 2026
Диданд: 81628

Хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталабон ва ҳамчунин, ба хоҳишмандони дигар барои истифода пешниҳод карда мешавад, имкон медиҳад, ки онҳо аз тариқи шабакаи Интернет тест супорида, дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд; бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос шаванд. Хусусияти хоси хидматрасонии номбурда ин аст, ки мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест, шумора ва пайдарпайии ҷойгиршавии онҳо вобаста аз навъ ва шаклашон дар саволномаи тест ва меъёри холгузорӣ ба ҳолати воқеии ИМД монандӣ дорад. Хизматрасонии “Худро бисанҷ” барои истифода дар шабакаи Интернет бо нишонии http://onlinetest.ntc.tj/ дастрас аст.

Шарти асосии корбарӣ аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” доштани телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ аст, зеро танҳо ба воситаи телефони мобилӣ ё почтаи электронӣ метавон рамзро барои истифодаи ин хидматрасонӣ ба даст овард. Ин хидматрасонӣ (супоридани намунаи имтиҳони тест) барои санҷидани донишу маҳорати худ аз фанҳои имтиҳонӣ дар доираи ИМД воситаи хуб аст.

Равзанаи асосии хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз матни иттилоотӣ ва ду тугма – (1) “Дархости рамз” ва (2) “Воридшавӣ” иборат аст (нигаред ба расми 7.1).

Расми 7.1. Қисме аз равзанаи асосии хизматрасонии “Худро бисанҷ”

Барои оғози истифода аз ин хизматрасонӣ корбар бояд аввал тугмаи “Дархости рамз”‑ро пахш карда, дар равзанаи пайдошуда якеро аз ду роҳ (пайванд)-и пешниҳодшуда – “Ба воситаи почтаи электронӣ” ва “Ба воситаи телефони мобилӣ” интихоб кунад. Вобаста аз пайванди интихобкардааш корбар дар равзанаи пайдошуда (нигаред ба расмҳои 7.2 ва 7.3) дар майдони “Почтаи электронӣ”/”Рақами телефон” нишонии почтаи электронӣ/рақами телефони мобилии худ ва дар майдони “Рамзи санҷишӣ” аломатҳоро, ки онро система ба таври тасодуфӣ тавлид ва дар равзана нишон медиҳад, тибқи тасвири дар ин равзана ҷойгиршуда бояд ворид ва сипас тугмаи “Дархости рамз”-ро пахш намояд. Бо пахши ин тугма система ба таври худкор дар сурати истифодаи почтаи электронӣ ба почтаи электронии корбар, ки нишонии онро ворид кардааст ва дар сурати истифодаи телефони мобилӣ ба телефони мобилии корбар, ки рақами онро ворид кардааст, рамзи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”-ро, ки аз адади ҳафтрақама иборат аст (масалан, 4554264), фиристода, равзанаи ворид намудани рамзро (нигаред ба расмҳои 7.4 ва 7.5) мекушояд. Дар ин равзана корбар дар майдони мувофиқ рамзи тавассути почтаи электронӣ ё телефонӣ мобилӣ дарёфткарда ва дар майдони “Рамзи санҷишӣ” аломатҳоро, ки онро система ба таври тасодуфӣ тавлид кардааст, бояд ворид кунад.

Расми 7.2. Дархости рамз

Расми 7.3. Равзанаи “Дархости рамз ба воситаи телефони мобилӣ”

Расми 7.4. Равзанаи “Дархости рамз ба воситаи телефони мобилӣ”

Корбар бояд сипас тугмаи “Воридшавӣ”-ро пахш кунад ва баъди ин саҳифаи асосии хидматрасонӣ фаъол мегардад. Дар саҳифаи асосӣ пайванди “Имтиҳони нав” ҷойгир карда шудааст, ки бо пахши он равзанаҳои интихоби қисми имтиҳон ва субтестҳо пешниҳод карда мешаванд.

Расми 7.5. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ” (агар почтаи электронӣ истифода шавад)

Расми 7.6. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ” (агар телефони мобилӣ истифода шавад)

Расми 7.7. Равзанаи воридшавӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ” (дар ҳолати фаромӯш шудани рамз)

Довталаб ё шахси дигари хоҳишманд ҳамеша аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонад. Ҳар боре, ки корбар ба ин низом барои супоридани тест ворид мешавад, ба ӯ гунаи саволу масъалаҳои дигар, ки ба таври худкор ва тасодуфӣ таҳия мегардад, пешниҳод карда мешавад. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад.

Бо истифода аз хизматрасонии мазкур довталабон ё дигарон имкон доранд, ки худро дар доираи имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) бисанҷанд. Пас аз дохил шудан ба низом метавон субтест(ҳо)и алоҳида ё ҳамаи субтестҳоро аз ягон қисми имтиҳон (А ё Б) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобгардида супорид.

Ҳангоми супоридани тест аз тариқи хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба имтиҳонсупоранда – озмоишшаванда имкон дода мешавад, ки дар доираи вақти ба ӯ ҷудогардида ба саволҳои навбатӣ ва ё пешина ба осонӣ баргашта, пеш аз тестро анҷом бахшидан ҷавобҳои пешниҳодкардаи худро бори дигар бисанҷад.

Пас аз ба охир расонидани имтиҳони тест ба имтиҳонсупоранда аз ҳар субтести алоҳида дар бораи натиҷаи кораш, яъне холҳои бадастовардааш маълумот пешниҳод карда хоҳад шуд: дар рӯйхати саволу масъалаҳои дар тест ба озмоишшаванда пешниҳодшуда барои ҳар як саволу масъала ҷавоби интихобкардаи ӯ ва ҷавоби дурусти он ҷой дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки шахс ба воситаи худсанҷӣ бо ғалатҳои роҳдодааш шинос гардида, минбаъд аз пайи омӯзиши амиқтари мавзуъҳои дахлдор шавад.

Ин хизматрасонӣ бахши “Апеллятсия” низ дорад, ки онро метавон нисбат ба ҳар як саволу масъалаи алоҳидаи саволномаи тести пешниҳодгардида истифода кард. Яъне, озмоишшаванда дар ҳоли норозӣ буданаш аз арзёбӣ – холгузорӣ ба як ё якчанд ҷавоби ӯ ба саволу масъалаи тест тавассути ин низом ё ҷой доштани ғалатҳои техникӣ дар мазмуну мундариҷаи саволу масъалаҳои тест ва ғайра, метавонад назарашро изҳор намояд. Ин гуна матнҳо ба таври худкор ба нишонии почтаи электронии махсуси Марказ ворид мешаванд ва аз ҷониби мутахассисон баррасӣ мегарданд.

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон