Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН!

Нашр шуд: 05 Июли 2019
Диданд: 1254

Душанбе, 5-уми июли соли 2019

Бинобар роҳ ёфтани ғалати техникӣ дар ҷавоби саволу масъалаҳои субтести забони тоҷикии гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро аз рӯйи калидҳои ислоҳшуда (аз 05.07.2019) санҷанд.

ШИНОСОИИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ҶАРАЁНИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

Нашр шуд: 04 Июли 2019
Диданд: 1378

Душанбе, 4-уми июли соли 2019

shinosoi maorif_imdИмрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи марказҳои имтиҳонӣ ва рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2019 як гурӯҳи иборат аз ҳайати роҳбарияти мақомоти соҳаи маорифи кишвар ба якчанд маркази имтиҳонии воқеъ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе омаданд.Ба ин ҳайат сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдухолиқ, сармутахассиси ин раёсат Насимов Нуридин Исоевич, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Маҳмадали Нуралӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Одилбекова Лола Қиёбековна дохил буданд.

ЭЪЛОН: ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР ДАР ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОН (ИМТИҲОНҲО) ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТАНАШОН ХОҲИШИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО ДОРАНД

Нашр шуд: 04 Июли 2019
Диданд: 1895

Душанбе, 4-уми июли соли 2019

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) иштирок карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзҳои 18-ум ва 19-уми июл мегузарад.

ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОНИ УМУМӢ), Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС) ВА АБ-9 (ИМТИҲОНИ УМУМИЮ ИХТИСОС) ДАР СОЛИ 2019

Нашр шуд: 01 Июли 2019
Диданд: 1655

Душанбе, 1-уми июли соли 2019

Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон, ҳатмӣ аст, оғоз гардид. Қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар шудааст.

МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ МАНСУБ БА ГУРӮҲҲОИ ШАХСОНИ ИМТИЁЗДОР ДАР ИМД

Нашр шуд: 30 Июни 2019
Диданд: 1377

шаҳри Душанбе, 30-юми июни соли 2019

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки ба гурӯҳҳои шахсони соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 20-уми июл муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо баъд аз 20‑уми июл ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб метавонад боиси халалдор шудани баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳо гардад. Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бинобар ба миён омадани ҳолати муайян баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 20-уми июл пешниҳод намояд.

  1. ОГАҲӢ ДАР БОРАИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
  2. ҶАЛАСАИ КОРИИ МУШТАРАК БАРОИ БА РОҲ МОНДАНИ КОРИ ШИРКАТИ МУҲОФИЗАТӢ ДАР МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Саҳифаи 100 аз 174

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 95
  • 96
  • 97
  • 98
  • ...
  • 100
  • 101
  • 102
  • 103
  • 104
  • Баъдӣ
  • Охир

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон